Ҳукми 11 зодаи Осиёи Марказӣ дар Маскав барои узвият дар “ДОИШ” ва қасди террор

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёздаҳ зодаи Осиёи Марказӣ дар Маскав барои узвият дар созмони террористии “ДОИШ” маҳкум ба 6 то 18 соли зиндон шудаанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тибқи иттилои бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти федералии амният – “ФСБ”, ҳукми додгоҳ дар мавриди 11 шаҳрванд, зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ 23 январ содир шуд.

Шухрат Улфатов и председатель диаспори таджиков в Челябинске - Sputnik Тоҷикистон
Шӯҳрат Улфатовро ба Тоҷикистон мебаранд

Манбаъ афзуд, ки барои узвият дар созмони террористии “ДОИШ”, 6 нафар аз 14 то 18 сол ва боқимонда барои 6-солӣ равонаи зиндон гардиданд.

Тибқи иттилоияи расмӣ, маҳкумшудаҳо шомили ду гуруҳ будаанд, ки аз ҷониби “ФСБ” моҳи ноябри соли 2016 дар Маскав ва Санкт Петербург боздошт гардидаанд.

Яке аз маҳкумшудаҳо аз Сурия омадааст ва ба иттилои мақомоти Русия онҳо қасди анҷоми таркишу қатли оммавӣ ва наворбардории онро доштанд.

“ФСБ” таъкид кардааст, ки гуноҳи маҳкумшудаҳо дар омодагӣ ба террор, иштирок дар созмонҳои террористӣ, таълим бо ҳадафҳои террористӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда исбот шудааст.

Лентаи хабарҳо
0