Садамаи қасдан ташкилшуда ва роҳзании гуруҳии тоҷикон алайҳи ҳамватан дар Маскав

© Sputnik / Виталий Безруких / Гузариш ба медиабонкНападение на инкассаторов. Архивное фото
Нападение на инкассаторов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрванд Холовро дар ташкили роҳзании гуруҳӣ алайҳи шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Сабурзода гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум намудааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Холов ва ҳаммаслаконаш ба Сабурзода ҳуҷум намуда,  902 ҳазор рубли ӯро ситонда, ғайб задаанд.

Банк Эсхата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата”

Манбаъ афзуд, Холов сентябри соли 2018 дар шаҳри Маскав бо 6 шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки шахсияти се нафараш барои тафтишот номаълум мебошад, огоҳӣ ёфтаанд, ки ҳамватанашон Сабурзода барои хариди мошин ба Маскав меояд ва бо худ маблағи калони пулӣ дорад.

“Рӯзи 25 сентябри соли 2018 тахминан соати 10 Холов И.М., Манучеҳри Ҷ., Азизов А.А., Раҳматов Р.О., “Умед” ном шахс ва ду нафари номаълум бо корд ва дигар олот мусаллаҳ гашта, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Ваз-2109” таҳти идораи Холов дар маҳаллаи 43-юм километри шоҳроҳи автомобилгарди “МКАД”-и деҳаи Мосрентген дар ҷойи мувофиқ барои содир кардани ҳуҷуми роҳзанӣ камин гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Заключённый, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Тоҷикистон гуфт, Маъруфҷон нашъаҷаллобонро аз зиндони Қирғизистон роҳбарӣ мекунад

Додситонӣ афзуд, ки худи ҳамон рӯз нафарони номбурда Сабурзодаро дида, қасдан ба қисмати қафои автомашинае, ки вай нишаста буд, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ ташкил намудаанд.

Сипас ин гуруҳ ба Сабурзода ҳуҷум намуда, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо олотҳои қаблан омода намуда ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, 902 ҳазор рубл, баробар ба 128 ҳазору 264 сомониро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Додгоҳи ноҳияи Сино Холовро бар асоси моддаи 249-и Кодекси ҷиноӣ, дар роҳзанӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Лентаи хабарҳо
0