ВУД Тоҷикистон гуфт, Маъруфҷон нашъаҷаллобонро аз зиндони Қирғизистон роҳбарӣ мекунад

© Sputnik / Tabyldy Kabirbekov / Гузариш ба медиабонкЗаключённый, архивное фото
Заключённый, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Маъруфҷон Маҳмадҷонов, роҳбари гуруҳи муташаккили байналмилалии нашъаҷаллоб аз зиндони Қирғизистон муомилоти ғайриқонуниро идора мекунад

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, ахиран дар Душанбе беш аз 95 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира шуд, ки бо роҳбарии Маҳмадҷонов ба муомилот бароварда шудааст.

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми Ҳакимов, ки аз сарҳади Сурия ба Тоҷикистон оварда шуд

Манбаъ афзуд, Маъруфҷон Маҳмадҷонов, соли таваллудаш 1983, зодаи деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки дар Қирғизистон ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шудааст.

Ба иттилои ВУД, Маҳмадҷонов аз зиндон низ гуруҳи муташаккили ҷиноии трансмиллиро роҳбарӣ мекунад.

Манбаъ иттилоъ дод, ки моҳи марти соли равон Обид Ахмедови 26-cола, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ бо дастури Маҳмадҷонов дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Рӯдакӣ  95,5 кило маводи мухаддирро гирифта, қасд дошт онро ба Қирғизистон ва баъдан ба дигар кишварҳо интиқол диҳад.

Ба гузориши мақомоти умури дохилӣ худи Ахмедов изҳор доштааст, ки маводи мухаддирро аз шиносҳои Маҳмадҷонов аз Афғонистон дастрас карда, бояд баъди занги ӯ ба соҳибонаш мерасонд.

Ахмедов, ки дар Русия низ барои роҳзанӣ таҳти пайгирад қарор дорад, дар натиҷаи як амалиёт бо миқдори зиёди ҳашишу афюн дастгир шуда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи дастандаркорони ин муомилоти ғайриқонунӣ идома дорад, хабар дод ВУД.

Лентаи хабарҳо
0