Медал биёру маблағ гир: Эмомалӣ Раҳмон аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ медиҳад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои варзишкороне, ки аз бозиҳои осиёӣ ба кишвар медал меоранд, мукофотпулӣ таъин кардааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷоизаи раисиҷумҳур барои ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё аз 50 то 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осиё - 2018: Устопириён ва Мирмамадов барои Тоҷикистон медал оварданд

"Ба иттилои манбаъ барои медали тилло — 150 ҳазор сомонӣ, нуқра — 100 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ  - 50 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дода мешавад", — иттилоъ додааст манбаъ.

То ҳол дар Бозиҳои Осиё — 2018 тими Тоҷикистон соҳиби 5 медал — 3 нуқра ва 2 биринҷӣ шудааст.

Ҷудокорон Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ,  Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 81 кило дар куштии кураш медалҳои нуқра ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0