ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Интизор меравад тарофаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон сар аз якуми сентябри соли ҷорӣ боло равад, хабар медиҳад Ожонсии иттилоотии ТоҷикТа.
Мувофиқи қароре, ки ҳукумати Тоҷикистон санаи 22 июни соли равон қабул намуда буд, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам минбаъд 22,66 дирам маблағ пардохт мекунад.
Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло меравад.
Насби ду трансформатор дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” анҷом ёфт
Тарифҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 55,14 дирам, истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ - 22,66 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати Тоҷикистон - 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 7,87 дирам муқаррар шудааст.
Тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо - 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 10,76 дирамро ташкил хоҳанд дод.
Дар банди ҷудогонаи қарор, Комбинати металлургии Тоҷикистон зикр шудааст, ки аз 1 сентябр барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.
Бо дастури Ёдгор Файзов канали Темур барқарор ва роҳи мавзеи Чинак боз шуд
Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон - КВД "Ширкати алюминии тоҷик" айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.
Қобили зикр аст, ки тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран аз 1 ноябри соли 2018 боло рафта буд.