ВУД: сокини 36-солаи пойтахт ба тақаллубкорӣ мутаҳам мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 36-сола ба боварии марди 58-сола  даромада аз ӯ 5100 доллари амрикоиро гирифта барнагардонидааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД.

Доллары в кармане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юсупов, раиси “Гео замин” дар Хуҷанд дар қаллобӣ айбдор мешавад

Манбаъ афзудааст, ки номбурда, моҳи марти соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Маяковскии пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини ш.Кӯлоб даромада, аз ӯ 5100 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Тафтишоти ин қазия давом дорад.  

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсия марди 41-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, соли 2012 ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 7.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0