Соҳибкорони деҳоти Ворух омода ҳастанд аз ҳисоби худ мактаб созанд

© Фото : Илья Буяновский Главная улица кишлака Ворух, архивное фото
Главная улица кишлака Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cоҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз омодагии худ барои бунёди як муассисаи таълимӣ дар ҳудуди ҷамоат хабар доданд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Сорбон Савриддинов раиси Ассосиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Маскави Русия эълон намудааст, ки соҳибкорони деҳоти Ворух омода ҳастанд аз ҳисоби худ мактаб бунёд намоянд.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳаллаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух соҳиби мактаби замонавӣ мешавад

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳри Исфара хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш мулоқоти шаҳрдори Исфара бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух баргузор шуд.

Узви Маҷлиси миллӣ дар Ворух нахустин мактаби хусусиро бунёд мекунад

Зимни мулоқот Сорбон Савриддинов, роҳбари Ассосиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Маскави Русия иброз дошт, ки соҳибкорони бурунмарзӣ деҳаи Ворух омода ҳастанд мактаби замонавӣ бунёд намоянд.

"Мо соҳибкорони ворухӣ омода ҳастем, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як мактаби ҳозиразамонро дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа намоем", - зикр кардааст вай.

Дӯстона бояд зист: ҳунармандони тоҷику қирғиз дар Воруху Ботканд филми муштарак сохтанд

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки роҳбари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, омӯзгори маъруфи кишвар Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд.

“Иқдоми мазкур аллакай ба “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара доир ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ворид карда шудааст”. – иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳри Исфара.

Шикояти мардуми Исфара аз маорифу тандурустӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ низ ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0