ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгиршавии писарбачаи 15-сола хабар додааст, ки дар бераҳмона куштани як мард ва як писарбаччаи ноболиғ гумонбар дониста мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия писарбачаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда, шаби 6 ба 7 июли соли равон, тахминан соати 05:00-дақиқа, дар минтақаи истироҳатии “Нилан”-и ноҳияи Варзоб бо марди 25- сола ва ноболиғ, писарбаччаи 13-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ҷангу ҷанҷол кардааст.
“Ноболиғ сипас бо дастаи чӯбини табар мусаллаҳ шуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан якчанд маротиба ба сари он мард ва ноболиғи номбурда зада, ба қатл расонидааст”, - қайд намудааст манбаъ.
Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содирнамудааш ҷасадҳои номбурдагонро ба дарёи ноҳияи Варзоб партофтааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки ҷасадҳои онҳо аз соҳили дарёи “Душанбе” дарёфт карда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ давом дорад.