Шарҳи муфаттишон: ҳамсоя дар қатлу дастдарозӣ ба духтарчаи 5-cола муттаҳам мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз боздоштшуда Александр.С, сокини 28-солаи Серпухова ном бурда мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти муттаҳам дар қатли Вайдо, духтарчаи 5-сола хабар дод, ки ҷасадаш 23 июл аз дохили ҷузвдони варзишӣ дар назди роҳи оҳани шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав пайдо гардид.  Аз боздоштшуда Александр.С, сокини 28-солаи Серпухова ном бурда мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва қатл парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

"Феълан муфаттишони ботаҷриба ба таҳқиқи парвандаи мазкур машғул мебошанд", — таъкид намудааст Кумитаи тафтишотии Русия.

Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор ва оташ задани даҳҳо кӯдаки навзод дар беморхонае дар Самарқанд

Дар мавриди иттилои расонаҳои Русия, ки боздоштшуда қаблан низ талош кардааст, алайҳи кӯдакон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад, Кумитаи тафтишотӣ изҳор доштааст, ки ин маълумотро месанҷад.

"Зимни тафтишот агар муайян шавад, ки шикоятҳо аз амалҳои ғайриқонунии боздоштшуда қаблан ҷой доштанд ва мақомоти ҳифзи ҳукуқ бетаваҷҷуҳӣ кардаанд, нисбати намояндагони мақомот барои беҳаракатӣ чораандешӣ хоҳад шуд", — омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.

Вайдо, духтари 5-солаи оилаи Саидовҳо, муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав иҷоранишин будаанд. Марҳум 22 июл аз майдончаи кӯдакон дар назди хонааш нопадид шудааст ва дар пайи кофтукоб ҷасадаш 23 июл пайдо гардид. Расонаҳо менависанд, кӯдаки марҳумро марде бо баҳонаи харидани ширинию яхмос бо худ бурдааст.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ Вайдо замоне ғайб задааст, ки модарбузургаш барои чанд дақиқа вориди мағоза шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0