Дар Тоҷикистон аз оғози тобистон аллакай 64 нафар ғарқ шудаст

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз миёни 64 нафари дар об ғарқ шуда, 28 нафари онҳо то 16-сола буда, синни 36 тани дигар болотар аз 17 сола мебошад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз авоили саршавии мавсими шиноварӣ дар рӯдхонаҳои кишвар дасти кам 64 нафар ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ғарқ шудани 55 тан дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон

Бар тибқи иттилои манбаъ, аз миёни 64 нафари дар об ғарқ шуда, 28 нафари онҳо то 16-сола буда, синни 36 тани дигар болотар аз 17 сола мебошад. 

КҲФ: аз 55 нафар ғарқшуда дар Тоҷикистон 23 нафарашро кӯдакон ташкил додааст

Зимнан Кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хатлон дар соҳилҳо ва маконҳои тафреҳӣ чандин рейдҳо баргузор намудаанд.

Ҳамзамон кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорати умури дохилаи кишвар нишонҳои манъкунандаи оббозӣ, лавҳаҳои иттилоттӣ часпонида, китобчаву варақаҳои таблиғотиро тақсим намуданд

Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан кумитаи мазкур дар давоми се ҳафтаи фасли гармо аз ғарқ шудани 40 нафар сокинони кишвар дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон хабар дода буд.

КҲФ аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар сурати шоҳид ва ё ширкаткунандаи фоҷиае ё ҳодисаи нохуше шаванд ҳатман бо телефонҳои хадамоти фаврӣ 112 ва ё 93 880 28 19  муроҷиат намоянд.

Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор.

Лентаи хабарҳо
0