Муҳоҷири тоҷик дар як сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расид

© PixabayРабочие на стройке, архивное фото
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия як муҳоҷир аз Тоҷикистон бар асари ҳодисаи нохуш ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Боз як коргари муҳоҷири тоҷик дар Федератсияи Россия ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад сомонаи  РИА Новости.

Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳати вазнини муҳоҷири 56-солаи тоҷик дар ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Русия

Ба иттилои манбаъ муҳочири тоҷикистонӣ дар яке аз биноҳои сохтмонӣ воқеъ дар шимоли шарқи шаҳри Маскав кор мекардаст.

Сабаби марги муҳоҷири тоҷик дар сарозер шудани масолеҳи сохтмонӣ бар сари ӯ дар маҳалли сохтмон, арзёбӣ мешавад.

РИА Новости аз қавли манобеяш навиштааст, ки нафари ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо маълумоти бештаре дар барои ин муҳоҷир руйи даст нест.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё муваққатӣ ба Русия сафар мекунанд.

Пажуҳишгоҳи назди раисҷумҳур теъдоди дақиқи тоҷикистониҳоро дар Русия гуфт

Қаблан пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоии Академияи хоҷагии қишлоқ ва хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия дар пайи як таҳқиқот изҳор доштааст, ки ба ҳолати 1 майи соли 2019 таъдоди тоҷикистониён, ки муваққатан дар Русия қарор доранд, 1 миллиону 255 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели соли равон дар Маскав аз коҳиши вуруди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0