Қарори барориши саҳмияҳои иловагии “Роғун”: 1 саҳмия – 100 сомонӣ

© SputnikСомони, архивное фото
Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси умумии саҳмдорон барои барориши саҳмияҳои иловагии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" қарор қабул кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҶСК “НБО Роғун”, дар маҷлиси умумӣ сармояи оинномавии нерӯгоҳ 27 миллиарду 760 миллион сомонӣ тасдиқ карда шуд.

На стройплощадке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Миллиард: раиси “Роғун” ҳаҷми қарздорӣ ва сабаби таъхири фаъолсозии чархаи 2-ро гуфт

Бар асоси қарор, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” бо роҳи барориши саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла ба андозаи 3 миллиарду 560 миллион сомонӣ саҳмияҳои оддӣ бароварда мешаванд, ки арзиши номиналии ҳар як саҳмия баробар ба 100 сомонӣ хоҳад буд.

Манбаъ теъдоди саҳмияҳои иловагиеро, ки бароварда мешаванд, 35,6 миллион гуфтааст, ки 1 саҳмия муодили 100 сомонӣ арзиш дошта, маблағи умумии саҳмияҳои ҷадид 3,560 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Маҷлиси умумии саҳмдорон ба ҶСК “НБО Роғун” дастур додааст, ки бар асоси қонунгузорӣ барориши саҳмияҳои иловагӣ ва зиёдшавии сармояи оинномавии ҷамъиятро дар мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намояд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2010 саҳмияҳои “Роғун” ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд. Дар пайи ин маърака теъдоди дорандаҳои саҳмияҳои оддии 100-сомонигӣ ҳудуди 2 миллион нафарро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0