ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо сарвазири Финландия Антти Риннеро нотоб шудааст.
#Merkel seen shaking in public for third time in a month pic.twitter.com/TvAOiAuEzd
— Ruptly (@Ruptly) 10 июля 2019 г.
Ҳангоми мулоқоти расмӣ сарвазири Финландия Антти Ринне рӯзноманигорон ларзидани Меркелро боз ба навор гирифтаанд.
Дар наворе, ки дар интернет пайдо шудааст, Меркел дарақ-дарақ меларзад.
Дар навор дида мешавад, ки Меркел кӯшиш мекунад худро идора кунад, аммо бе натиҷа ларза тамоми бадани ӯро фаро мегирад. Дар навор дида мешавад, ки ӯ чанд бо дасташро пеш мегирад, то каме вазъашро контрол намояд, аммо бенатиҷа.
Сарвазири Финландия бошад чи кор карданашро намедонад ва бо ҳайрат ба ӯ менигарад.
Ин тайи як моҳи охир севумин ҳодисаи ларзидани Меркел дар мулоқотҳояш аст. Ӯ пештар ҳангоми пешвози раисҷумҳури Укураина Владимир Зеленский ва мулоқот бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба ин аҳвол гирифтор шуда буд.
Дертар нахуствазир ин ҳодисаро шарҳ дод ва гуфт, ки сабаби ларзиданаш ҳавои гарму бемадорӣ буд.