ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо Владимир Зеленсикий, раисҷумҳури Украина нотоб шуд.
Навори дарақ-дарақ ларзидани зани сиёсатмадор дар маросими расмӣ дар расонаҳо мунташир шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки сарони кишварҳо дар болои қолини сурх меистанд. Ногаҳон Меркел ба ларза медарояд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки худро идора кунад, аммо наметавонад.
Худи Ангела дертар ин қазияро шарҳ дода гуфтааст, ки ӯ аз бемадорӣ натавонист худро идора кунад. Зеро дар Берлин ҳаво хело гарм буд.
Имрӯз, 18 июн раисҷумҳури Украина ба Олмон сафар карда, бо нахуствазири кишвар муносибатҳои кишварҳо ва ҳалли танишҳо дар Донбассро баррасӣ карданд.