Муовини Аҳмадзода гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаро ба чӣ корҳо даъват мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон принял участие в фестивале "Национальные наврузовские блюда", организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде
Эмомали Рахмон принял участие в фестивале Национальные наврузовские блюда, организованном на площади Исмаила Сомони в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд, 46 ҳазору 221 маъюб зиндагӣ дорад, ки 1463 нафари онҳо бо қарорҳои махсуси раиси вилоят бо кӯмакпулӣ таъмин ҳастанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар чойхонаи миллии Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  чорабинии идонаи шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилоят, дар ин чорабинӣ, муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ иштирок намуда, паёми табрикии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.

Ёдгор Файзов гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ чӣ мехоҳад

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

"Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд",-гуфт Назира Fаффорӣ.

Инвалидная коляска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Чорбоғ

Бино ба гузориши манбаъ, дар миқёси вилоят 46 ҳазору 221 маъюб зиндагӣ доранд, ки 1463 нафари онҳо бо қарорҳои махсуси Раиси вилоят бо кӯмакпулӣ таъмин ва нисбат ба дигарон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир мешаванд. Ин аст, ки дар 6 моҳи соли 2019-ум 784 нафар маъюб бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин шуданд.

Назира Fаффорӣ иштирокдоронро руҳбаланд сохт, ки минбаъд низ таъмини ниёзҳои иҷтимоии маъюбон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор дода шуда, барои идомаи ин падидаи инсонпарваронаи Президенти кишвар кӯшиш менамоянд.

"Шумо чун узви ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша дар канори мо ҳастед ва бо ҳузури  хеш  метавонед дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши босазо гузоред",- иброз дошт муовни раиси вилоят.

Лентаи хабарҳо
0