Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Чорбоғ

CC0 / Pixabay / Инвалидная коляска, архивное фото
Инвалидная коляска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбонро бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ таҷлил карданд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи маъюбон  дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Варзоб Мухтор Қосимзода, мудири Муассисаи давлатии кӯдакони маъюб  “Чорбоғ” Маҳмадулло Қосимов, сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ Фахриддин Юсуфзода ва волидони бошандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Ребенок на инвалидной коляске. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Идона: Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон 1500 сомонӣ фиристод

Фахриддин Юсуфзода, аз номи роҳбарияти  Вазорати тандурустӣ кӯдаконро шодбош намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Пасон миёни бошандагони муассисаи мазкур бозиҳои шавқовар доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барномаи консертӣ хотимабахши ин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ гардид, ки кӯдакон дар зери садои мусиқӣ шодиву хурсандӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ,, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хусусан дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи маъюбон аз 4 июл инҷониб ба нақша гирифта шуданд.

Аз ҷумла, 4 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси васеъ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, шахсони маъюб ва аъзои оилаи онҳо, ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои алоқаманд доир гардид.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи маъюбон ба зиёда аз 60 нафар шахсони дорои маъюбияти сокинони пойтахт аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуд.

Ҳамин гуна чорабиниҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифта, баргузор карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0