ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашии як сокини ноҳияи Роштқалъа хабар медиҳад.
"Ҷавони 18-солаи сокини деҳоти Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми дар деҳоти Тавдеми ноҳияи мазкур қарор доштанаш, бо ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини маҳаллӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шиками ӯ задааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷанҷоли ними шаб: сокини Конибодом ба ҷиянаш 8 корд зад
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони бо гумони расонидани зарари вазнин дастгир карда шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ҷабридида ба беморхона интиқол ёфтааст.
"Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи аграрӣ сокини Душанберо корд зад
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир ҳодисаи кордкашии ноболиғон дар қаламрави Тоҷикистон зуд-зуд рух медиҳад. Қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ низ дар ҷаласаи ҷамъбастии рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе аз даст задани ноболиғон ба ҷиноят изҳори нигаронӣ карда буд.