Бе туҳфа ва 45 дақиқа: милисаҳо дар мактабҳо қоидаҳои “Занги охир”-ро фаҳмонданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПразднование последнего звонка
Празднование последнего звонка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмирини милиса дар макотиби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қоидаҳои баргузории “Занги камолот”, ё худ “Занги охир”-ро тавзеҳ доданд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ дар макотиб талаботи қонун дар бораи масъулияти падару модарро шарҳ доданд.

Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
"Занги камолот" - 14 июн: шикояти сокинону шарҳи Вазорати маориф

“Зимни санҷиш дар Муассисаи таҳсилояти миёнаи умумии №9-и ба номи Ақризобек Алиназарови шаҳри Хоруғ айён шуд, ки дар ин даргоҳи чароғи дониш беш аз 400 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ бо ҳайати устодону мактаббачагон ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зимни баргузории “Занги камолот” дар шаҳри Хоруғ мебошад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

ВУД таъкид кардааст, ки тибқи қоида, баргузории “Занги камолот” дар доираи 45 дақиқа дар саҳни бинои муассисаҳои таълимӣ танҳо бо иштироки устодону хатмкунандагон бе туҳфасупорӣ сурат мегирад.

Инчунин зикр шудааст, ки баъзе аз хонандагони синфҳои болоӣ дар вақти ба дарс омадан ба сару либоси мактабӣ на он қадар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки ин хилофи талаботи мавҷуда мебошад.

ВУД таъкид кард, ки қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-юми августи соли 2011-ум масъулияти волидайнро дар тарбияи дурусти фарзанд боз ҳам бештар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0