ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳавопаймои S7, ки тариқи хатсайри Новосибирск-Якутск парвоз мекард, бинобар фавти як мусофираш, нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Бар хабари сомонаи РИА Новости, ҳайати сарнишинони ҳавопаймои S7 баъди дарёфт намудани хабари ҳалокати мусофир дар дохили тайёра маҷбур шуданд,то дар фурудгоҳи шаҳри Братск оҷилан фуруд оянд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур рӯзи якшанбе иттифоқ афтода, мусофири ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон будаст.
"Мусофирзан ҳангоми парвози ҳавопаймо аз якбора бад шудани вазъи саломатияш шикоят намудаст. Мутаассифона марҳум қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ҳайати сарнишинон тасмим гирифтанд, ки дар робита ба ҳодисаи нохушоянд, нишасти изтирорӣ анҷом диҳанд,- омадааст дар иттилоия.
Хабари фавти мусофири ҳавопайморо додситонии Братск низ тасдиқ намуда, қайд карданд, ки ин мусофир аз бемории қалб ба ҳалокат расида буд.
Суқути ҳавопаймо дар Русия: ду сарнишин ба ҳалокат расидаанд
Зикр мегардад, ки ҷасади ӯро аллакай ҳамсараш аз сардхонаи ин шаҳр гирифтааст.