Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово
Самолет компаний Somon Air в аэропорту Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон Boeing 737-300, ки ба Маскав парвоз мекард, нишасти изтирорӣ анҷом дод. Дар ҳавопаймо 134 нафар буданд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. "Сомон Эйр" хабар дод, ки ҳавопаймои ширкат, ки ба Маскав парвоз мекард, бо далели мушкилоти техникӣ дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод.

"Имрӯз, 6 феврал дар ҳавопаймои Boeing 737-300, парвози Душанбе-Маскав ҳангоми парвоз каме мушкилии техникӣ пеш омад", - тавзеҳ медиҳад ширкат.

Бо ҳамин сабаб, сарнишини ҳавопаймо қарор дод, ки ба фурудгоҳ баргардад. Нишасти ҳавопаймо бомуваффақият ба анҷом расидааст.

Дар боинг 134 нафар - 128 мусофир ва шаш нафар ҳайъати парвоз буданд.

Касе осеб набардоштааст.

Мусофирон бо дигар ҳавопаймо парвоз намудаанд. Ширкат аз муштариёнаш узрхоҳӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0