Рӯзи 7 июли соли равон дар майдони "Спартак" Маскав маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Нур" баргузор шуд.
Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футболу намояндагони созмони иҷтимоъии "Нур" ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.
Муҷрии барнома, сараввал ҳамаи дастаҳоро ба майдон хонда, тими "Алмаз"-и Шоҳдараро ки соли гузашта дар сабқат пирӯз шуда буд, бо "Ҷоми Нур" ба майдон даъват кард. Ғолибони порсоларо занони доирабадаст, дафзанон ба майдон бароварданд.
Сипас ба майдон духтарони нақоразан, овозхонҳои ҷавони аз Бадахшону Русия ва гурӯҳи рақосон баромада ба ҳаводорони футбол барномаҳои ҷолиб намоиш доданд.
Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV": пирӯзии дастаи Сохчарв бар Поршинев
Инчунин қаҳрамони Русия дар рақси фри-стайл — Дмитрий Лобинов ба майдон баромада ба футболбозони дастаҳои Помир трюкҳои гуногунро нишон дод.
Ҳунарнамоии ҳунармандон бо кафкубиҳои пурмавҷи мухлисон анҷом ёфт.
Бино баҷамъияти "Нур", мусобиқаи "Ҷоми Нур" аз соли 2010 инҷониб дар Маскав баргузор мешавад ва сол аз сол сатҳи баргузории мусобиқот баландтар мешавад.
Дар майдон барои тамошои футбол ҳазорҳо нафар мухлисони футбол ҷамъ омада буданд, то аз дастаҳо ҳаводорӣ намоянд. Аммо новобаст аз теъдоди зиёди мухлисон бештари курсиҳо холӣ буд. Аммо холӣ будани курсиҳо бозигаронро руҳафтода накард.
Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Нур" 17 даста байни ҳам рақобат мекунанд. Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Рӯшон, “Ситора” (Ишкошим), Помир-04, Вахон, Шоҳдара, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Ғунд, “Нур”, “Дӯстӣ”, “Нарзан” (Ишкошим) ва Интернатсионал мебошанд.
Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Нур" як моҳ идома хоҳад кард. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.