ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Рақобатҳо барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" ба даври ниҳоӣ расиданд.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар варзишгоҳи "Спартаковетс" дар Маскав чаҳор даста бо ҳам рақобат доштанд.
Чуноне ки раҳбари равобити умумии созмони "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар ин бозиҳо дастаҳои "Хоруғ", "Рӯшон", "Боми ҷаҳон" ва "Ишкошим" зӯрозмоӣ карданд.
Дар бозиҳои даври ниманиҳоӣ дастаи "Боми ҷаҳон" бо ҳисоби 2:0 аз тими "Ишкошим" шикаст хӯрд ва футболбозҳои "Рӯшон" бар ҳамовардонашон аз "Хоруғ" бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Дар натиҷа дастаҳои "Боми ҷаҳон" ва "Хоруғ" барои мақоми севум ва дастаҳои пирӯз — "Рӯшон" ва "Ишкошим" барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" ва ҷойи якум рақобат хоҳанд кард.
Даври ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" рӯзи 16 июл дар варзишгоҳи "Янтар" дар Маскав баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи "Вамар" шуда буд.
Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 16 июли соли равон идома мекунад.