Сайёҳон дар Замбия шоҳиди ҳодисаи аҷиб шуданд. Онҳо ба навор гирифтаанд, чӣ гуна фил бо хартумаш сайёҳи суратгирро торсакӣ мезанад.
Аз навор дида мешавад, ки фил ва тамошобинонро девораи пасте аз ҳам ҷудо мекунад. Аввал ҳамааш хуб буд. Сайёҳон аз дидани фил ба ваҷд омада буданд ва ҳатто хартуми филро сила мекарданд.
Пас аз чанде яке аз сайёҳон духтари ҷавон азми суратгирӣ мекунад.
Вале ин фикр ба фил писанд наомад. Фил бо хартумаш ба дасту рӯйи духтар шаппотӣ мефарорад. Аз зарби торсакии фил духтарак якпаҳлу ба ҳамроҳаш меафтад ва телефонаш низ аз дасташ ба замин меафтад.
Пешравӣ: бӯзинаҳо ба смартфон алоқамандӣ пайдо карданд – навор
Аз фурсати муносиб истифода карда фил хартумашро ба назди телефон дароз мекунад.
Муаллифи навор ин ҳодисаро пай бурда телефонро аз пеши фил мегирад. Фил аз ин ба хашм омада худро ғамгин вонамуд мекунад.