ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раҷаб Хӯҷаев, сокини маҳаллаи 15-ум гуфт, ки баъди тақрибан даҳ рӯз, бегоҳи 5-уми июл оби нӯшокӣ аз тариқи баъзе ҷумакҳо ҷорӣ шуда, мушкили иддае аз мардуми маҳалла рафъ шуд.
“Мардум аз набудани об зиёд азоб доштанд. Бо сатилу ароба ба ҷустуҷӯи об ба масофаҳои дур мерафтанд. Ҷорӣ шудани об мушкили сокинонро осон кард. Тасаввур кунед, агар об намеомад, мардум дар ин гармо чӣ қадар азоб мекашид”, - гуфт Хӯҷаев.
Ин сокини маҳаллаи 15-уми Хуҷанд афзуд, ки маблағи таъмири муҳаррики обкашро, ки ба маҳзи корношоям шуданаш маҳалла бе об монда буд, худи сокинон пардохт кардаанд. Вақте сокинон фаҳмиданд, ки идораи “Хуҷандобуканал” ба таъмири муҳаррик қудрат надорад ва аз ин сабаб боз чанд рӯзи дигар маҳалла беоб мемонад, худ даст ба иқдом задаанд.
Сокинон ҳар кадом аз рӯи тавони худ барои таъмири муҳаррик то 120 сомонӣ маблағ ҷамъ кардаанд. Дар идораи “Хуҷандобуканал” ба сокинони ин маҳалла гуфтаанд, ки маблағи ҷамъкардаи онҳо барои таъмири муҳаррики обкашро минбаъд ба ҷои ҳаққи истифодаи об ҳисоб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, бархеи сокинон мегӯянд, бо вуҷуди таъмир шудани муҳаррики обрасон, ҳамоно бо сабаби паст будани фишори интиқоли об, аз ҷумакҳои хонаи онҳо об дуруст ҷорӣ намешавад.
Аз ҷумла дар манзили Абдураҳмон Назаров, сокини ин маҳалла, ки мегӯяд, аз моҳи май ба ин сӯ ба мушкили беобӣ дар маҳалла дучор будаанд. Хонаводаи Назаров ду сол боз маъмулан фасли тобистонро аз ҳисоби харидани мошини об сипарӣ мекунанд, ки панҷ тоннаи он имсол ба 70 сомонӣ баробар шудааст. Ин хонавода дар маҳаллаи 15-ум мошини оби харидаро дар ду ҳавз нигоҳ медоранд, ки барои як ҳафта мерасидааст.
Маҳаллаи 15-уми Хуҷанд тоза соли 2014 дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ҳоло дар он 150 хонавода ва наздики 300 нафар сукунат доранд. Норасоии обӣ нӯшокӣ яке аз мушкили умда дар ин маҳаллаи навбунёди Хуҷанд гуфта мешавад.
Аммо КВДК “Хуҷандобуканал” мушкили қатъи интиқоли оби нушокӣ ба маҳаллаҳои Хуҷандро, ки дар ин авохир сокинон бештар аз ин шикоят мекунанд, ба соатҳо ҷорӣ кардани об дар майдончаҳои назди биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби худи сокинон рабт дод.
Идораи “Хуҷандобуканал” бо зикри ин гуна ҳолатҳо дар маҳаллаи 13-уми Хуҷанд аз сокинон даъват намудааст, ки барои танзими обрасонӣ барои обёрии майдончаҳои назди биноҳои ошёнадор ба онҳо шартнома банданд. Аммо сокинон мегӯянд, бастани шартнома ба идораи “Хуҷандобуканал” дар зимн пардохти маблағи обро дар назар дорад, ки товони иқтисодии онро надоранд.
Сокинон мегӯянд, аз майдончаҳои назди биноҳои ошёнадор даромад ба даст намеоранд ва танҳо ба хотири хушк нашудани сабзаву дарахтон обёрӣ мекунанд. Вагарна аз бетаваҷҷӯҳии онҳо ҳам бар асари гармои тобистон ҳамаи дарахтон хушк шуда, маҳаллаҳои Хуҷанд ба биёбон мубаддал хоҳанд шуд.