ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод, менависад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Ба қавли Раҳмон, камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад.
Президент дар ҷаласаи ҳукумат ба масъулин маслиҳат додааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад.
"Киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд",- афзудааст раисҷумҳур.
Оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.
Манбаъ мегӯяд, ба ғайр аз ин дар ҷаласа бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳмонзода Малоҳат муовини сардори Хадамоти алоқаи кишвар таъин карда шуда, ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2016 шунида шуд.