Донишҷӯй худро корманди мақомот гуфту аз муаллим пора гирифт - видео

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ҷавони 21-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки худро корманди мақомот гуфта, аз шаҳрвандон маблағ мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, ҷавони муттаҳам дар қаллобӣ Алихон Олимов, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Начальник Управления по Согдийской области Сангинзода Мирзоравшан - Sputnik Тоҷикистон
Барканору ронда шуданд: ҷазои Сангинзода ва Неъматзода баъди шикояти сармоягузори украинӣ

Ба иттилои ВУД, Олимов худро корманди мақомот муаррифӣ карда, ба ивази маблағ ба шаҳрвандон тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагиро ваъда намудааст.

Худи дастгиршуда дар гузориши видеоӣ эътироф мекунад, ки худро корманди мақомот гуфта, барои таҳия кардани шаҳодатномаи ронандагӣ маблағ мегирифтааст.

Ӯ аз ҷумла қисса мекунад, охири моҳи апрел бо як муаллим - Ашӯров Сайёд шинос шуда, ҳамчун корманди мақомот ваъда додааст, ки агар барои ӯ ва ягон нафар аз наздиконаш шаҳодатномаи ронандагӣ зарур бошад, муроҷиат кунад.

Генеральская военная форма - Sputnik Тоҷикистон
Либоси қочоқии милисаю ҳарбиёни тоҷик: ҷазои мансабдорони Ожонси таъминоти махсуси Ҳукумат

Ба гуфтаи Олимов, муаллим хостори тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагӣ барои худаш шуда, 2 ҳазор сомонӣ додааст.

ВУД мегӯяд, танҳо дар моҳҳои апрел майи соли ҷорӣ чор ҳолати қаллобии донишҷӯй ошкор шудааст ва ӯ зарари расондаашро ҷуброн кардааст.

Мақомот дар гузориши видеоӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки агар туъмаи қаллобии Олимов шудаанд, ба мақомоти милисаи маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0