ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз ҷумла Машҳура Мирзобоева, сардори КВД “Дузандагӣ”-и назди Ожонси таъминоти амволи махсуси Ҳукумат ва подполковник Саид Бойзода, сардори шӯъбаи Агентӣ дар вилояти Суғдро гунаҳкор донистааст.
Мақомдорони мазкур дар он гунаҳкор дониста шудаанд, ки бо миёнаравии афроди дигар сарулибоси тайёр ва ё матоъро тариқи қочоқ аз Қирғизистон ва Чин ворид намуда, онро ҳамчун моли истеҳсолкардаи КВД “Дузандагӣ” бо нархи баландтар ба фармоишгар месупоридаанд.
Аз ҷумла қочоқи 1500 ҷуфт костюм ва шими зимистонаи комуфляжии бо арзиши 235 сомонӣ сари ҳар ҷуфт ба кишвар зикр шудааст, ки баъдан ба мақомот бо нархи 425 сомонӣ ироа гардидаанд.
Ҳамчунин дар додгоҳ далел оварда шудааст, ки сардори КВД “Дузандагӣ” тариқи миёнаравҳо беш аз 40 ҳазор метри матоъро аз Чин ворид карда, онро тариқи сохтакорӣ ҳамчун маҳсулоти ватанӣ бо арзиши 33 сомонӣ сари ҳар метр нишон додааст ва барои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сарулибос тайёр кардааст.
Тибқи иттилои Додгоҳ, Мирзобоева дар ду лаҳза бо истифодаи ваколати мансабдорӣ маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 542 ҳазор 266 сомонӣ азонихуд карда, ба қувваҳои мусаллаҳи кишвар зарари калон расондааст.
Додгоҳи низомӣ Мирзобоева Машҳура Исломовнаро дар азонихудкунию исрофкорӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 75 000 сомонӣ ҷарима бастааст. Ӯ ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар низоми Ожонси таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 3 сол маҳрум гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки додситонии низомӣ талаб кардааст, ки аз Мирзобоева 542 ҳазору 266,8 сомонӣ зарари расондааш ба давлат рӯёнда шавад.
Додгоҳи низомӣ инчунин Бойзода Саид Турсунмурод, сардори шӯъбаи Ожонси таъминоти махсуси назди Ҳукумат дар Суғдро дар қочоқ гунаҳкор дониста, ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25 000 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст. Ӯ дар қочоқи беш аз 1300 сарулибос барои мақомдорони милиса гунаҳкор дониста шудааст, ки ғайриқонунӣ вориди кишвар карда шудаанд.
Маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти ғайриқонунии мақомдорони баландпоя ва шахсияти миёнаравҳоро метавонед бо зер кардани ин пайванд дар сомонаи Додгоҳи низомии Душанбе мутолиа кунед.