ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони дӯстӣ ҷараён дошта, меъморону сохтмончиён азм доранд, то чанд рӯзи дигар ҳамаи корҳоро ба иҷро расонанд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, аз ҳисоби панҷ миллион сомонии буҷҷаи ҳукумати Суғд сохта мешавад.
Дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич гуфтанд, ки кӯдакистони дӯстӣ дар деҳаи Яхтан барои 240 тарбиятгиранда пешбинӣ мешавад.
Қарор аст, ин иншоот дар остонаи соли нави хониш бо иштироки масъулини баландмақоми давлатӣ расман ифтитоҳ шавад ва эҳтимол меравад дар ин маросим меҳмонҳои олирутбаи Ҷумҳурии Узбакистон низ ширкат варзанд.
Зимнан ба ҳисоби сохтмони кӯдакистони дӯстӣ, таъмири куллии як мактаби иборат аз дуошёнагӣ дар деҳаи Яхтан идома дорад.
Сохтмони бинои таваллудхонаи ноҳиявӣ, таъмири бинои кумитаи идораи замин, мумфаршкунии роҳи даромадгоҳ то марказӣ ноҳия, бунёди боғи Парчами давлатӣ аз умдатарин иншоотҳои сохташаванда ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Деваштич будааст.
Деҳаи Яхтан дар қисмати шимолии ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) қарор дорад. Ба маҳзи Президенти Узбакистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев номи деҳа аз пеш дида маъруфтар шуд. Зеро, бино ба арзёбии ҳолдонҳо деҳаи Яхтан дар Деваштичи Тоҷикистон, зодгоҳи бобоиву падарии Шавкат Мирзиёев ба ҳисоб меравад. Баъдтар пайвандони Мирзиёев аз ин ҷо ба ноҳияи Зомени вилояти Ҷиззахи Узбакистон куч бастаанд, ки дар он айём падараш ҳанӯз хурдсол будааст.
Падари Мирзиёев дар мактаби ноҳияи Зомен таҳсил карда, баъди хатми донишгоҳ дар риштаи тиб, ба сифати сардухтури касалиҳои сироятӣ дар бемористони ин ноҳия фаъолият намудааст.
Баъд аз даргузашти Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2017 гардиши наве дар равобити Узбакистон ва Тоҷикистон оғоз шуд ва коршиносону таҳлилгарон инро ҳолро об шудани "ях"- и бистсолаи миёни ин ду ҳамсокишвар маънидод карданд. Ба думболи сипари шудани сардиҳо дарвозаҳои дустӣ аз ҳарду ҷониб боз шуданд.
Пурбаҳстарин акси президент дар интернет: Мирзиёев дар арафаи ид оши палав пухт
Дар соли 2018 ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ миёни Узбакистон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон кушода шуданд ва мушкили равуоb шаҳрвандон аз ҳардуҷониб аз сар гирифта шуд.
Бино ба иттилоъи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, ҳаҷми воридот ва содироти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба беш аз 18 доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Дар Суғд давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4 527 166 доллари амрикоӣ молу маҳсулот аз Узбакистон воридот шуда ва ба маблағи 13 665 502 доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолии Тоҷикистон ба Узбакистон интиқол дода шудааст, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми гардиши мол 18 милиону 192 ҳазору 618 доллари амрикоӣ рақам зада мешавад, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта бештар будааст.