Нигаронии Ҳакимзода аз оиладор набудани мудирони САҲШ: намунаи ибрат нестанд

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намудааст, ки бештари мудирони САҲШ-и шаҳру навоҳии вилоят худашон оиладор нестанд. Ба гуфтаи Ҳакимзода ин мансаб ҷойи нафароне аст, ки худ дорои оилаи намунавӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум "Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон"-ро баррасӣ карданд.

Дар иҷлосия раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода бо далелҳои мушаххас оид ба пешгирии худкушию худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳо, аз меҳру шафқати падару модарон дур мондани кӯдакони ноболиғ андешаронӣ намуда, ба масъулин баҳри ислоҳи вазъ дастуру супориш додааст.

Раиси вилоят дар суханрониаш изҳори нигаронӣ намудааст, ки аксарият мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд.

"Моҳиятан бояд дар ин вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кардаанд", - таъкид кардааст Ҳакимзода.

Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон теъдоди талоқ нисбат ба издивоҷ зиёд шудааст

"Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон"аз 30-юми декабри соли 2015 тасдиқ шудааст.

Бино бар омори масъулини вилоят, дар солҳои 2016 — 2019 барои иҷрои он 308 ҳазору 700 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, соли 2016 аз 77 ҳазор сомонии муайянгардида 32 ҳазору 500 сомонӣ, соли 2017 аз 83 ҳазору 500 сомонӣ 43 ҳазору 840 сомонӣ, соли 2018 аз 87 ҳазору 700 сомонӣ 48 ҳазору 200 сомонӣ ва дар панҷ моҳи соли равон аз 60 ҳазору 500 сомонӣ 26 ҳазору 138 сомонӣ ҷудо шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Кӯшониён, Темурмалик, Дӯстӣ, Панҷ, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Ҷайҳун ва Хуросон барнома умуман маблағгузорӣ нашудааст.

Гуфта мешавад, аз соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритуз, Восеъ, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин 24 духтари ноболиғ ба шавҳар дода шуда, дар панҷ моҳи соли равон 1106 оила ақди никоҳро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин шумора дар 788 ҳолат ҷудошавии оилаҳо то синни 35 мебошад.

Лентаи хабарҳо
0