ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, рӯзаи мардоне, ки дар моҳи Рамазон зану фарзандонашонро дашном дода, мезананд, қабул намешавад. Уламо аз ба пайвандони чунин мардон тавсия додааст, ки дар ҳаққашон дуо кунанд, то ислоҳ шавад.
Муҳаммадёқуб ном корбари сайти Маркази исломии Тоҷикистон аз уламо пурсон шудааст, ки бо падаре, ки дар моҳи Рамазон хонаводаашро азоб медиҳад, чӣ кор бояд кард.
"Ассалому алайкум домулои азиз. Падаре, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо оилаи худ ва фарзандонаш ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ диҳад ва лату кўб кунад, дар ин ҳолат аҳли оила чӣ кор бояд кунанд? Оё рўзаи ин хел падар дуруст аст?", - мепурсад Муҳаммадёқуб.
"Бародари азиз, падар барои ин гуна рафтораш сахт гунаҳгор аст, агар ин амалҳои зиштро дар моҳи муборак анҷом дода бошад, аз савоби рўза маҳрум шудааст. Ин моҳ моҳи иҷобати дуо аст, дар вақти кушодани рўза барои ислоҳи ахлоқи падар холисона дуо бояд кард, иншоаллоҳ фазои хонавода неку хоҳад шуд", - омадааст дар посухи Шӯрои уламо.
Ёдрас мешавем, имрӯз дар Тоҷикистон Иди Фитрро таҷлил карданд. Ба ин муносибат дар тамоми муассисаҳои кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
Мусалмонони Тоҷикистон аз 6 май рӯза гирифта буданд.