Паҳлавони тоҷик Фирӯз дар Қаҳрамонии Осиё медали тилло гирифт

Обуна шудан
Фирӯз дар вазни 55 кило дар намуди гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон оғоз шуд, соҳиби медали тилло гардид, гузориш медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикстон.

Бино бар иттилои манбаъ, Фирӯз дар вазни 55 кило дар намуди  гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта, дар финал варзишгари ӯзбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд.

Игра в шахматы - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳмотбози тоҷик дар Қирғизистон медали тилло гирифт

Хотиррасон  мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифтанд. Варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.

Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гӯштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Ихтирооти бонувони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии Сеул соҳиби 9 медал гардиданд

Ёдовар мешавем, ки  дар чемпионати мазкур  308 нафар варзишгарон аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0