ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашии як сокини навраси Душанбе дар кӯчаи Маяковскии пойтахт хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 1-уми июли соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Маяковский рух додааст.
"Навраси 17-солае дар кӯчаи мазкурбо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба узвҳои баданаш задааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокини кӯчаи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Тафтишот идома дошта, ҷабрдида ба беморхона интиқол ёфтааст.