ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки дар соли равон ба далели риоят накардани қоидаҳои оббозӣ дар кишвар 55 нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст сосомнаи Tajikistan Times.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намудааст, ки аз ҷумлаи афроди ғарқшуда 23 нафарашро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд намудааст, ки дар соли 2018 дар маҷмӯъ, дар махзанҳои оби Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шуда буданд. Дар соли ҷорӣ шумори ғарқшудагон дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад.
Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон панҷ нафар ғарқ шуд
Кормандони Раёсати ин ниҳод дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд. Ҳадафи роҳандозии ин чорабинӣ санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои оби шаҳри Душанбе буд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳамчунин сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот дар соҳилҳо низ санҷида шуданд.
Кормандони Раёсати КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, дар минтақаҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст. Ба манотиқе, ки иҷозаи шиноварӣ дода нашудааст, нараванд.
Инчунин КҲФ илова кардааст , ки сокинон кӯдакони худро беназорат нагузоранд.