Аҳмадзода ба Лю Бин: Суғд омодааст робитаҳои тиҷоратиашро бо Чин беҳтар намояд

Обуна шудан
Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо Лю Бин сафири Чин дар Тоҷикистон гуфт, вилоят омодааст бо Чин ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро васеътар намояд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилояти Суғд бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин дидору гуфтугӯ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Рынок Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Савдо гарм мешавад: МОИ Суғд дар Чин намояндагӣ боз кард

Бо ширкати Раҳмон: Дар Суғд Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин роҳандозӣ шуд

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушду тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, омодагии худро​ барои тақвияти муносибатҳо баён намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон аст ва ҷонибҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, сайёҳӣ, хоҷагии қишлоқ, соҳаи саноати сабук ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Чин дар Суғд корхонаи бузурги истихроҷи канданиҳои фоиданок бунёд мекунад

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки имсол аз вилояти Суғд ба Чин меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла гелос содирот шуд ва доираҳои тиҷоратии ҳарду ҷониб метавонанд минбаъд дар ин самт низ робитаҳоро беҳтар намоянд.

Дар ҳамин ҳол, сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин аз Раҷаббой Аҳмадзода барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, дошт, ки дар ҳақиқат густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба манфиати тарафҳост.

Чин барои бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ дар Суғд 30 миллион сомонӣ медиҳад

Вай гуфт сафорат барои беҳтаршавии робитаҳо ва ҷалби сармояи чинӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0