Русия барои кумак ба беморхонаҳои Тоҷикистон 650 ҳазор доллар ихтисос дод

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкОперационная. Архивное фото
Операционная. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Русия дар доираи лоиҳае, ки ба зинда мондан ва рушди кӯдакони хурдсол дар Тоҷикистон равона шудааст, маблағ ирсол намудааст

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Русия ба беморхонаи марказии ноҳияи Рудакӣ ба маблағӣ 650 ҳазор доллари амрикоӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва маводи тиббӣ супорид, хабар медиҳад  РИА Новости.

Бар хабари манбаъ ҳукумати Русия кумаки пулиро дар чаҳорчӯби лоиҳаи ЮНИСЕФ “ Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” равона намудааст.

"Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур, ки аз соли 2016 ба ин су фаъол аст, ин васеъ намудани дастрасии модару кӯдак дар 12 манотиқи Тоҷикистон ба хизматрасонии тиббӣ ва  ҳамзамон коҳиш додани маргу мир миёни навзодон ба ҳисоб меравад”, - изҳор намудаст сафири фавқуллодаи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, дар маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ.

Зимнан сафири рус қайд намуд, ки ҳукумати Русия пайваста тибқи нақша барои ба даст овардани дастовардҳо дар самти иҷтимоӣ-иҷтисодӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.

В войска Минобороны Узбекистана передана новая военная техника и вооружение - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад

Ба изҳори Фролов наздики 50 дарсади кумакҳои гуманитарӣ, ки Тоҷикистон аз донорҳои хориҷ дар муддати панҷ моҳ дарёфт намуда буд, ба Русия рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳукумати Русия дар чаҳорчӯби барномаи азнавсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба маблағи 122 миллион доллар техникаи ҳарбӣ сафарбар намуда буд.

Бижев: Русия ба Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ фаъолона кумак мекард

Гузашта аз ин ҷониби Русия дар  тамрини неруҳои ҳарбии Тоҷикистон низ саҳмгузор аст.

Лентаи хабарҳо
0