Русия ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак медиҳад

© Министерство обороны Республики УзбекистанВ войска Минобороны Узбекистана передана новая военная техника и вооружение
В войска Минобороны Узбекистана передана новая военная техника и вооружение - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия мехоҳад ба қувваиҳои низомии Тоҷикистон кумакӣ техникӣ анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Русия бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидоти террористони байналмилалӣ дар Афғонистон дар садади тақвияти артишу хадамоти вижаи Тоҷикистон аст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

В 201 РВБ на 9 мая провели праздничный концерт и Бессмертный полк - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи иҷроияи ИКҲ, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласаи кумитаи дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои СПАД дар Бишкек дар ин бора суханронӣ кардааст.

Ба гуфтаи Патрушев, Русия омода аст, ки барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказиро амалӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0