Раиси иҷроияи Афғонистон бо сафари корӣ ба Душанбе омад

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба шаҳри Душанбе омад.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини сарвазир, Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Кохи Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

Манбаъ афзуда, ки 15 июн Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

Пештар хабар дода шуд, ки сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба Душанбе ворид шуд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

Город Душанбе сверху - Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Озарбойҷон вориди Душанбе шуд

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0