ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорат дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 3-уми июл Радиои Озодиро ба инъикоси нодурусти воқеиятҳо дар Тоҷикистон муттаҳам карда ва эълон намудааст, ки маводи интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба хонандагону шунавандагон хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод менамояд.
Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар пайи дархости раёсати “Родиои Озодӣ” барои барқарор намудани иҷозатномаи кори хабарнигорон интишор шудааст.
Вазорати хориҷа таъкид кардааст, матлабҳое, ки дар расонаҳо дар бораи фаъолияти "Радиои Озодӣ", дақиқтараш сабти ном накардани баъзе аз кормандони он нашршудааст беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ хондааст.
Вазорати умури хориҷӣ иддао кардааст, ки "Радиои Озодӣ" фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.
Инчунин вазорати хориҷа қайд намудааст, ки маводди интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, баръакс дар шакли моҷароҷӯёна ва иғвоангез ба хонандагону шунавандагони васоити ахбори омма хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод мекунанд.
“Дар ин хусус фаъолияти "Радиои Аврупои Озод" муқобили моддаи II-и Низомномаи "Радиои Озодӣ" буда, бино ба моддаи мазкур "Радиои Озодӣ" уҳдадор аст, ки иттилоотро дар асоси далелҳои муътамад паҳн намуда, дастрасӣ ба хабарҳои воқеиро таъмин намояд, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат намояд”, - гута шудааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.
Ҳамзамон масъулини вазорати хориҷа “Радио Озодӣ”-ро ба таблиғи идеологияи ифротӣ ва зиддимиллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва "Гурӯҳи 24"-ро айбдор намуда, таъкид намудааст, ки маводди он ба таври рӯйпӯшона манфиатҳои созмонҳоеро, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ташкилоти ифротӣ ва террористӣ эълон гардиданд, ҳимоят мекунад.
Дар хотима Вазорати хориҷа зикр намудааст, ки кормандони "Радиои Озодӣ", ки сабти ном нагардидаанд, ҳаққи идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.
Изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки САҲА, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қатъи парвона ё аккредитатсияи кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст." Чаҳор журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радиои Озодӣ барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад
Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунад. Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки билофосила аккредитатсияи хабарнигоронро тамдид кунанд”
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2016 Вазорати умури хориҷаи Точикистон дар як рӯз иҷозатномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодиро барои гузориш додан дар бораи духтари президенти Тоҷикистон бекор карда буд, аммо пас аз фишори ҷомеаи байнулмилалӣ маҷбур гашта иҷозатномаи кори онҳоро дубора барқарор намояд.