Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти ТАҚХ “Баракат”-ро бозхонд

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Дар Тоҷикстон фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурди "Баракат" қатъ карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Баракат” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БМТ таҳдид дорад иҷозатномаи ду бонки бузургтарини ҶТ-ро бозхонд намояд

Манбаъ таъкид кардааст, ки мутобиқи моддаи 26 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва дар асоси моддаҳои 10-12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” 2 июли соли соли равон, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Баракат”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 5 декабри соли 2012, таҳти № 329 дода шудааст, бозхонд карда шуд. 

“Базис-кредит” аз БМТ хост, иҷозатномаашро бозхонд кунад

"Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд”, - қайд намудааст манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 24 ташкилоти амонатии қарзии хурд амал мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0