Оғози тамринҳои низомии густурда бо иштироки ҳарбиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВоенные 201 РВБ, архивное фото
Военные 201 РВБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамрин бо иштироки 1000 низомӣ дар размоишгоҳи кӯҳии "Лоҳур" ва "Самбули" то 7-уми июл идома мекунад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия хабар медиҳад, дар Тоҷикистон тамрини низомии бештар аз 1000 ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар размоишгоҳҳои кӯҳии "Лоҳур" ва "Самбули" оғоз шуданд.

Тамринҳо то 7 июл идома мекунанд, ки дар он бештар аз 1000 низомӣ иштирок карда, аз 200 техникаи замонавӣ, аз қабили танки Т-72Б,  васоили нақлиёти ҷангӣ, худравҳои зиреҳӣ,  системаҳои партоби мушакҳои мутааддид истифода бурда мешаванд.

Учения 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Дар куҳҳои Тоҷикистон барои 500 кошифи пойгоҳи 201-ум курси омузишӣ гузаронида мешавад

Гуфта мешавад, ки воҳидҳо аллакай пойгоҳро ба сатҳи олии омодагии ҳарбӣ расонида, дар минтақаҳои муайяншуда роҳпаймоӣ намуданд. Низомиён постҳои фармондиҳии саҳроиро ташкил карда, ҳаракаташонро дар нерӯҳои контроли пинҳонӣ бо истифода аз каналҳои иртиботии эмин  муайян намуданд.

Низомиён ҳамчунин бояд иртиботи воҳидҳои мототирандозӣ, танкӣ, артиллерӣ иктишофӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини   муҳофизи объектҳои Русияро, ки дар ҳудуди пойгоҳ ҷойгиранд, мувофиқа кунанд.

Пойгоҳи низомии 201 калонтарин қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷонибаи моҳи октябри соли 2012 ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

Лентаи хабарҳо
0