Дар куҳҳои Тоҷикистон барои 500 кошифи пойгоҳи 201-ум курси омузишӣ гузаронида мешавад

© SputnikУчения 201-й РВБ на полигоне Ляур
Учения 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар куҳҳои маҷмааи ҳарбии “Лоҳур” машқҳои махсус анҷом медмҳанд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар куҳҳои Тоҷикистон низомиёни куҳгарди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар куҳҳои маҷмааи омузишии низомии “Лоҳур”-и Тоҷикистон дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр курси таёрии ҳарбӣ мегузаронанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Ҳавзаи низомиии марказӣ.

Фармондеҳи ПНР: пойгоҳ тавони иҷрои ҳама вазифаҳои вогузоршударо дорад

“Курси омузишии кошифӣ дарсҳои омӯзиши усулҳои махсус, таёрии ҷисмонӣ ва тирпарониро дар бар мегирад. Низомиён тариқи чархболҳо дар баландкуҳҳо машқҳои “дисантӣ”, низ мегузаронанд, ки дар он гузаштан аз шуху ях дар баландкуҳҳо ва гузаронидани бору лавозимот дар ҷойҳои мушкилгузар ва махсусан курси зинда мондан дар миёнкуҳҳо пешбинӣ шудааст”, - гуфта шудааст дар иттилоия.

Низомиён дар аввал ба омузиши лижаронӣ дар куҳҳо ва баъдан барои расонидани ёрии аввалин ҷалб мешаванд. Дар охир маҳорати ҷангии низомиён дар маҷмааи омузишии “Лоҳур” санҷида мешавад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, яке аз объектҳои бузурги ҳарбии Русия ба шумор меравад. Ин пойгоҳ мувофиқи созишнома имзокардаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0