Аҳмадзода дар наздаш шӯрои нав таъсис дод

Обуна шудан
Шӯрои саноат дар назди раиси вилоят бо мақсади рушди соҳаи мазкур ташкил мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар назди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шӯрои рушди саноати назди раиси вилоят таъсис дода мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шӯрои нав бо мақсади рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таъсис хоҳад ёфт.

Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳат намо: Аҳмадзода дар Хуҷанд Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ сохт

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 июли соли 2019, №317 ба тасвиб расид.

Мақсади асосии Шӯро мусоидат ба рушди соҳаи саноати вилоят, таҳлили таклифу ташаббусҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорону субъектҳои соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ, инчунин муайян намудани муаммоҳо ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ба ҳисоб мераванд.

Ба ҳайати Шӯро 33 нафар намояндагони​ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо шомил мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0