Роҳат намо: Аҳмадзода дар Хуҷанд Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ сохт

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис ва нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат аст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд бо шмркати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти боз як Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ва паҳлӯи чойхонаи Сирдарё, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҷойгир буда, аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.

Начала строительства современной набережной на реке Сирдарё в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Дӯғи хунукак, яхмосу обнӯшӣ аз фаввора: сокинони Хуҷанд "дар мубориза" бо ҳавои гарм - Аксl

"Маҷмаа дар як вақт метавонад ба зиёда аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони маркази вилоят хизмат расонад",-омадааст дар хабарнома.

Ҳудуди Маҷмааи истироҳатию фароғатии навбунёд бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шуда, барои истироҳати шаҳрвандон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегарад

Раиси вилоят дар маросими баистифодадиҳии маҷмаа таъкид кардааст, ки мавзеи мазкур дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, дар ояндаи наздик ба макони бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд табдил дода мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур додааст, ки ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир омода намудани шиногоҳ тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0