Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба истироҳати тобистона баромаданд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таътили тобистонаи вакилони парлумони Тоҷикистон то 15 - уми август давом хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сар  аз  дирӯз Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд.

Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Нописандии мансабдорон ба вакилон: Зуҳуров гуфт, ба Президент мерасонад
Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба расонаҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, таътили тобистонаи вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, аз 16 то 30 сентябр онҳо дар кумитаҳо ва комиссияҳои  Маҷлиси намояндагон  фаъолият  менамоянд.

Зуҳуров аз шикояти шаҳрвандон то қабули 400 қарор гуфт

Мавриди зикр аст, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Вакилон ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ  интихоб карда мешаванд.

Пресс-конференция в АН РТ 9 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Тақдими медалҳо ба гуруҳи вакилони палатаи болоии парлумон

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи хотимавии Парлумон,  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад намуда гуфт,ки дар 31 Шӯрои маҷлиси намояндагон зиёда аз 400 қарор қабул шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, 171 масъала таҳлилу баррасӣ шуда, дар мавриди онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Зуҳуров дар баромади худ аз вакилони тоҷик даъват ба амал овард, ки арзу шикояти сокинони ҷумҳуриро нодида нагирифта, балки саривақт аз  пайи иҷрои он шаванд.

Лентаи хабарҳо
0