Нописандии мансабдорон ба вакилон: Зуҳуров гуфт, ба Президент мерасонад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайнуддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Восеъ аз мансабдорони давлатӣ гила кард, ки нисбати намояндагони мардумӣ беаҳамиятӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Сафаров ҳафтаи равон дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии масъалаи роҳҳо гуфт, вақте ҳамчун вакил ба Вазорати нақлиёт муроҷиат мекунем, ки роҳҳо аз ҳисоби зиёд бор гирифтани автомобилҳо вайрон шудаанд, аҳамият намедиҳанд.

Противолавинная галерея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Покистон долонoҳои зиддитарма месозаду ширкати IRS не: интиқоди вакилон аз ширкат

“Аз таъмири роҳи Данғара — Кангурт се-чор сол нагузашта, аллакай таъмирталаб шудааст. Воқеан, ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат кард”, - изҳор дошт вакили мардумӣ.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи шикояти вакили мардумӣ даъват кард, ки ӯро аз ҳар ҳолати беаҳамиятии мансабдорони мақомоти Ҳукумат огоҳ кунанд. Зуҳуров ҳушдор дод, ки аз ҳолатҳои беаҳамиятии мақомдорон нисбати вакилон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро огоҳ хоҳад кард ва алайҳи чунин афрод чораҷӯӣ хоҳад шуд.

“Шумо расман муроҷиат кунед ва нусхаи онро ба ман равон намоед. Дар навбати худ мо онро ба Роҳбари давлат пешниҳод хоҳем кард, то нисбат ба масъулини вазорату идораҳое, ки ба дархостҳои вакилӣ бетафовутӣ зоҳир менамоянд, чораҷӯӣ шавад”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Зуҳуров.

Таъкид ба бетаваҷҷуҳии бархе ниҳодҳои давлатӣ ба дархостҳои вакилон дар ҳолест, ки бархе таҳлилгарон дар Тоҷикистон намояндагони мардумиро ба камфаъолиятӣ айбдор карда, нақши парлумонро дар тасмимгириҳои муҳим камранг арзёбӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0