Нигина Амонқулова тарки Душанбе кард? - Видео

Обуна шудан
Нигина Амонқулова гуфта буд, ки баъди даъватҳои чандкарата бо падару модараш аз Панҷакент ба Душанбе кӯчид ва се бародараш дар зодгоҳаш монданд. Ҳунарманд мегӯяд, ҳарчанд пойтахт ӯро бо оғӯши кушода пешвоз гирифта бошад ҳам, зуд ба Душанбе унс нагирифт

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Нигина Амонқулова, ҳунарманди номии тоҷик дар масоҳиба бо телевизиони "Танин" овозаҳои аз Душанбе кӯч баста, ба Хуҷанд рафтанашро шарҳ дода, гуфтааст, ки то ҳол истиқоматкунандаи пойтахт аст.

Ӯ дар посух ба суоли овозаҳои мухлисонаш дар бораи кӯч бастанаш ба Хуҷанд гуфтааст, ки дар ҳақиқат ба Хуҷанд бисёр сафар мекунад. Дар ин шаҳр муддате истиқомат менамояд ё истироҳат мекунаду ба пойтахт бармегардад.

"Ман аз соли 2006 дар Душанбе зиндагонӣ мекунам. Аммо дар Хуҷанд бо фарзандонам истироҳат мекунем, ягон-ягон омада истиқомат мекунем, аммо аслан дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва накӯчидаам", -тавзеҳ додааст вай.

Новый клип Нигины Амонкуловой - Sputnik Тоҷикистон
Нашри суруд ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова бо чакани Хуршед Сатторов-видео

Нигинабону, ки дар Рӯзи ҳифзи муҳити зист мусоҳиба анҷом додааст, дар посух ба суоли ровӣ гуфтааст, ки шинонидани гулро дӯст медорад. Вай афзудааст, ки ҳатто "дар замин низ кор мекунад".

Амонқулова дар мусоҳибаи ахираш дар барномаи "Ногуфтаҳо" чигуна ба пойтахт кӯчиданашро нақл карда буд.

Ба гуфтаи овозхон, вай бо падар ва модараш соли 2006 пас аз шӯҳратманд шуданаш тавассути "Андалеб" ба Душанбе кӯч бастанд.

Ҳунраманд иқрор шуда буд, ки ҳарчанд ӯро дар пойтахт гарм пешвоз гирифтанд, аммо одат кардан ба муҳити нав барояш мушкил буд.

Ногуфтаҳои Нигина: намехоҳам шавҳарам зери таъсири моҷарое монад, ки атрофи ман месозанд

"Аввал душвор буд, чун лаҳҷа дигар аст, муносибати одамон каме фарқ мекунад. Барои ҳамамон душвор буд. Барои ман ҳам. Аммо онҳо намехостанд маро танҳо инҷо гузошта раванд", - қайд карда буд овозхон.

Ҳамчунин ҳунарманд гуфт, ки падару модараш на танҳо барои ба Душанбе кӯч бастан, балки ба овозхон шуданаш ҳам зид буданд. Падараш танҳо пас аз дидани муҳаббати мардум нисбати ҳунараш ва модараш пас аз таъкидҳои чандкарата, ки дар оянда дар атрофаш гапу овозаҳои зиёд паҳн хоҳад шуд, розӣ шуданд, ки Нигина ба саҳна барояд.

Нигина Амонқулова хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ аст. Ӯ оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Аммо ҳунарманд дар ягон мусоҳиба зиндагии шахсиашро ифшо намекунад ва дар саволҳои рӯзноманигорон дар бораи шавҳараш мегӯяд, ки "зиндагии шахсиам танҳо ба худам тааллуқ дорад".

Овозхон соҳиби ду писарча аст.

Лентаи хабарҳо
0