Ихтирооти бонувони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии Сеул соҳиби 9 медал гардиданд

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаг Таджикистана
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 то имрӯз 44 адад ихтирои бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун  соҳиби медал ва Грант-при гардид, ки аз онҳо 15-тояш медали тилло мебошад

 ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки  дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд 9  ихтирооти бонувони тоҷик  бо   3 медали тилло, 4 нуқра ва 4  биринҷӣ қадрдонӣ шуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Издивоҷи Тандир Қамаров ва Маҳдия Мирзоаҳмад дар САҲШ-и минтақаи Алтайи Русия - Sputnik Тоҷикистон
"Зан тоҷик бошаду либос - миллӣ": тӯйи Қамаров бо чакан дар САҲШ-и Русия - акс

Ба ин хотир дирӯз, 1  июли соли равон  дар   Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаи 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки  дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, доир гардид.

Номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маина Султонмамадова соҳиби  медали тиллои Ассотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Узбакистон  ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” гардид.

Lexus LS500h должен стать сильным конкурентом BMW 7-серии и Mercedes S-класс - Sputnik Тоҷикистон
Қасрҳо, 3-4 зан ва мошинҳои 80 ҳазорӣ – анъанаи мансабдорони фасодкор

Ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фармасевти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова бо ҷоизаи олӣ — медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва медали тиллои 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” қадрдонӣ шуд.

Ассистенти  кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  Робия Раҳимова,  аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Мадина Кариева, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Маина  Султонмамадова ва аспиранти шуъбаи ҷарроҳии умумии Муассисаи давлатии  Маркази тиббии шаҳрии №2  Силсила Расулова бо медалҳои нуқраи  12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор сарфароз гардонида шуданд.

Наврузовский карнавал в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд 6733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

Инчунин докторант-PhD факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Меҳринигори Булбулназар,  номзади илмҳои фармасевтӣ, ассистенти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва токсикологии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино   Ганҷина Наврузова,  сармутахассиси шуъбаи илму инноватсияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фарзона Абдуҷалилзода ва номзади илмҳои кимиё, мудири кафедраи химияи факултаи муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон   Мавзуна Шарипова бо медали биринҷии 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бонувонро табрик намуда, изҳори хушнудӣ намуд, ки дар ҷумҳурӣ сол то сол сафи бонувони ихтироъкор ва навовар меафзояд. Ин шаҳодати он аст, ки бонувон дар баробари мардон дар корхонаву муассиса, марказҳои илмию эҷодӣ ва муассисаҳои  таҳсилоти олӣ ба ихтирову навоварӣ машғул шуда, саҳми худро дар рушди соҳа гузошта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 то имрӯз 44 адад ихтирои бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун  соҳиби медал ва Грант-при гардид, ки аз онҳо 15-тояш медали тилло мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0