Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

© МВД РТПрезидент ассоциации косметической и пластической хирургии в Европе профессор Эдгар Бимер
Президент ассоциации косметической и пластической хирургии в Европе профессор Эдгар Бимер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эдгар Бимер, профессори шинохтаи олмонӣ дар умури тиб барои ташхис ва табобати Осия Зулфонова, духтари 6-cолаи тоҷик ба шаҳри Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, табобати Осиё зери назорати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дошта, барои муолиҷа профессори шинохтаи олмонӣ ҷалб гардид.

Ба иттилои манбаъ, Эдгар Бимер, профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетики ва бемориҳои сухта – “Комбусталогия” ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо мебошад.

© МВД РТПрофессор Эдгар Бимер проводит осмотр Осии Зулфоновой
Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Эдгар Бимер проводит осмотр Осии Зулфоновой

Профессор вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия, соли таваллудаш 2013, сокини маҳаллаи Боғи Миллӣ, шаҳри Душанберо, ки санаи 19 июни соли равон бо ҷароҳатҳои вазнини сӯхта ба беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд ташхис кард.

Кинолог играет собакой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи оташ задани Осияи 6-сола: ВУД сабаби ба ҳабс нагирифтани гумонбаронро гуфт

“Баъд аз муоина Профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард.
Эдгар Бимер таърихи бемории  Зулфонова Осияро  пешакӣ омӯхта, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Профессор изҳор доштааст, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчӣ тезтар барқарор намудани саломатии Осиё тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.

Осияи 6-сола ахиран аз ҷониби гуруҳи кӯдакон сӯзонда шуда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.

Лентаи хабарҳо
0