Қазияи оташ задани Осияи 6-сола: ВУД сабаби ба ҳабс нагирифтани гумонбаронро гуфт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкКинолог играет собакой. Архивное фото
Кинолог играет собакой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, гумонбарони оташ задани духтараки 6-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ бо далели наврас буданашон боздошт нашуда, аммо масъалаи ҷудо кардани онҳо аз ҷомеа ба наздикӣ ҳал мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Қазияи оташ задани духтараки шашсола бо номи Осия дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ҷомеаи Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст: далели даст ба ин кори даҳшатбор задани гумонбарон маълум несту ҳама гумонбарон наврасанд, ки ҳамагӣ аз 9 то 13-сол доранд.

Бо Осия чӣ карданд?

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 22 июн расман ҳодисаро шарҳ дод: 19 июн, тахминан 11:30 духтараки 6-сола бо ҷароҳатҳои аз сӯхтори дараҷиаи вазнин ба беморхона дастрас карда шуд. Бо гумони даст доштан дар ин қазия се ноболиғ дастгир карда шуданд.

Дертар тафсилоти ҳодиса маълум шуд: 3 наврасе, ки дар даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар мешаванд, Осияро аввал ба симтӯр баставу сипас оташ задаанд. Аммо ба иттилои расонаҳо, нисбати ин наврасон то ҳол чораҷӯие анҷом дода нашудаасту ҳамдеҳагон шикоят мекунанд, ки яке аз онҳо то ҳол бо ҳамон саги калонаш дар деҳа мегардад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хабари оташ задани духтараки 6-сола ба Раҳмон расид: дастури президент ба Олимзода

Соҳиби саг, ки Осияро бо он тарсонида буданд, Умед Очилдиеви 13-сола дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор таҳсил мекардааст.

Пештар наздикони Осия  нигарон шуда буданд, ки гумонбаронро ба мақомот таслим карданду аммо онҳо раҳо шудаанд.

Чаро ба ҳабси пешакӣ гирифта нашуданд?

Sputnik Тоҷикистон аз сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ  рафти тафтишоти ҳодисаи мазкурро пурсон шуд. Ба гуфтаи сухангӯи ВУД, сабаби асосии боздошт нашудани гумонбарони асосӣ синну соли онҳост. Аммо мақомот нақша доранд, ки ба наздикӣ онҳоро аз ҷомеа изолятсия кунанд.

© МВД РТУмарджони Эмомали пресс-секретарь МВД Таджикистана
Қазияи оташ задани Осияи 6-сола: ВУД сабаби ба ҳабс нагирифтани гумонбаронро гуфт - Sputnik Тоҷикистон
Умарджони Эмомали пресс-секретарь МВД Таджикистана

"Тафтишоти ҳодисаи мазкур дар дасти Прокуратураи ноҳияи Сино қарор дорад. Вобаста ба боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудани гумонбарони асосӣ мо низ аз мақомоти прокуратура пурсон шудем", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Тавре вай афзуд, далели асосии боздошт нашудани наврасон, "ин субъекти ҷиноят ҳисоб нашудани онҳост, ки вобаста ба синну сол аст".

"Наврасони гумонбаршаванда аз 9 то 13-солаанд. Субъекти ҷинояте, ки онҳо содир кардаанд,  аз 14-сола сар мешавад. Яъне дар ин намуди ҷиноят ба ҷавобгарӣ аз синни 14-солагӣ кашида мешаванд. Калонтарини гумонбаршавандаҳо 13-сола аст. Барои ҳамин, онҳоро намешавад дар маҳкама нигоҳ дошт. Феълан санҷиши прокуратура идома меёбад, ки шояд ягон ҳафтаи дигар лозим шавад ва баъди анҷоми тафтишот нисбати ноболиғон чораҷӯӣ мешавад", - гуфт сухангӯ.

Лесной пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ бо эҳтимоли ғолиб ин наврасон ба мактаби душвортарбия ироа карда мешаванд.

Афзун бар ин, вобаста ба ин ҳодиса Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ҳам муваззаф шудааст, ки ин қазияро пайгирӣ кунад ва махсусан бо саг анҷом ёфтани ҷиноятро дида барояд.

"Арзу даъвое, ки шаҳрвандон карданд, санҷида мешавад, аризаҳои онҳоро гирифта асос карда, баъд нисбати саг ва падару модар ва худи ноболиғ чора мебинем. Масъалаи изолятсияи ӯ аз ҷомеа ба наздикӣ ҳалли худро меёбад", - таъкид дошт сухангӯи ВУД Тоҷикистон.

Ноболиғ бошанд ҳам, ҷиноятро гурӯҳӣ анҷом додаанд

Коршиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, боздошт нашудани гумонбарони ҳодиса сабабҳои худро дорад, ки яке аз онҳо ноболиғ будани онҳо аст. Аммо тафтишот идома меёбаду нисбати ҷинояткорон чораҷӯӣ мешавад.

"Агар додгоҳ лозим донад, ҷинояткорон то синну соли муайян расидан, ба муассисаҳои ислоҳӣ равон карда мешаванд. Мувофиқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, дар бархе ҳолатҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ аз 14 ва дар бархе аз 16-солагӣ кашида мешавад, ки ин вобаста ба ҳолат аст", - тавзеҳ медиҳад Ҳакимов.

Ҳолати вазнинкунандаи ҳодисаи мазкур - ин гурӯҳи анҷом додани он мебошад, таъкид кард коршинос.

Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, сабабҳои сар задани чунин қазияи нигаронкунанда - пайомади манфии нопурра будани оилаҳо ва камтар нашудани муҳоҷир аст.

Мурофиаи 15-дақиқаӣ: чӣ гуна Аҳмад Амирӣ, додраси Ироқ занони тоҷикро ҳукм кард?

"Вақте оила нопурра аст, кӯдак зери таъсири тарбияи бобо ё бибӣ ва ё падар, ё модар мемонад. Ин дар оянда ба рафтори наврасон таъсир мегузорад. Хусусан, имрӯзҳо бо далели муҳоҷирати корӣ тарбияи фарзанд бештар ба дӯши модарон мондааст, ки ин албатта бетаъсир нест", - гуфт коршинос.

Дар зимн, ёдрас мешавем, ки ба гуфтаи модари Умед Очилдиев, тарбияи фарзандаш танҳо  дар дӯш ӯсту чанд сол қабл аз падари Умед ҷудо шудаанд.

Осия чӣ аҳвол дорад?

Ба иттилои пизишкон дар натиҷаи ин ҳодиса 65 дар сади Осияи 6-сола сӯхтаву ҳолати вай то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад. Осия ба ҳуш омадааст ва аз нақл кардааст, ки се наврас  ӯро бо саг тарсонида пояшро баста оташ задаанд. 

Пештар аз рух додани чунин ҳодиса худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нагаронӣ намуда, бевосита ба вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода супориш дода буд, ки табобати духтаракро зери назорати шахсиаш бигирад.

Лентаи хабарҳо
0