Тоҷикистон ва ФАУР лоиҳаи навсозии НБО Норакро ба тасвиб расониданд

Обуна шудан
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёи устувор ва рушд (ФАУР) санадҳои асосии омодасозии нақшаи гузаронидани конкурс оид ба интихоби таҳвилкунанда барои навсозии НБО Роғунро ба тасвиб расониданд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Намояндагони ФАУР ва вазоратҳои гуногуни Тоҷикистон созишномаи санадҳои асосӣ оид ба лоиҳаи навсозии НБО Норакро ба тасвиб расониданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Делегация депортамента Тсзян Су Китая в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Чин аз НБО “Норак” дидан карданд

Мувофиқи баъзе маълумотҳо ҳамаи корҳои навсозӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ бояд то анҷоми навсозии лоиҳаи даври якум, ки дар соли 2023 ба анҷом мерасад бояд анҷом дода шаванд.

Арзиши даври дуюми лоиҳаи навсозӣ 350 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Амалигардонии даври якуми ин лоиҳа моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида буд.

Дар даври якуми лоиҳа - солҳои 2019 -2023 мутахасисон се чарха, таҷҳизоти ёрирасон ва инчунин 6 трансформатори якфазаро бояд иваз кунанд.

Айни ҳол аз сабаби куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти асосӣ, НБО Норак ба ҳама иқтидораш кор карда наметавонад ва тақрибан 2,6 ҳазор МВт тавлид мекунад. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи нақша ҳамаи 9 чархаи НБО Норак дар маҷмуъ бояд 3 ҳазор МВт қуваи барқ тавлид кунанд.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи нақшаи пешбинӣ шуда навсозии НБО Норак иқтидори барқтавлидкунии неругоҳро аз 3 ҳазори дар аввал пешбинишуда, то ба 3,3 ҳазор МВт мерасонад. Ҳамин тариқ баъди навсозӣ иқтидори барқтавлидкунии НБО Норак 10% зиёд мегардад.

Ёдовар мешавем, ки чархаи 1 НБО Норак 15 ноябри соли 1972 бар кор шуруъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0